ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ ҶАЛАСАИ 17-УМИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

06-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Дар рӯзи дуюми ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ маросими баимзорасонии Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи сурат гирифт.

Протоколро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии Комиссия Далер Ҷумъа ва  вазири неруи  Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси қисмати эронии Комиссия Аббос Алиободӣ ба имзо расонданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори Комиссия роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъсиси кумитаҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои пайгирии тавофуқоти бадастомада ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ гардид.