МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

13-уми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов вохӯрӣ баргузор кард.

Дар суҳбат вазъи кунунии ҳамкории кишварҳо дар соҳаи энергетика ва истифодаи устувори захираҳои обӣ баррасӣ гардид.

Мусоҳибон аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеа ва таҳкими бештари робитаҳоро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карданд.