
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз ҷараёни корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Себзор” (ноҳияи Роштқалъа) дидан намуд.
Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мегаватт яке аз лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ дар самти таъмини боэътимоди неруи барқ ба минтақаи дурдасти кишвар ба ҳисоб меравад.
Сохтмони ин неругоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он беҳтар намудани таъминоти барқ дар ВМКБ, дастрасии доимӣ ба неруи барқ барои аҳолӣ ва инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ба истифодадиҳии агрегати якуми неругоҳ бо тавоноии 3,6 МВт моҳи ҷорӣ дар назар аст.