ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА БАРРАСӢ ГАРДИД

26-уми июни соли 2025 муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҳошияи Ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (Нинбо, Хитой) бо муовини роҳбари Идораи давлатии энергетикаи Ҷумҳурии Халқии Хитой Жэн Сзиндун вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти идоракунии самараноки энергетика табодули афкор намуданд.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои об ба ҷониби Чин барои мизбонии сатҳи баланди Ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои СҲШ ва муҳайё намудани фазои созгор ҷиҳати рушди муколамаи созанда изҳори миннатдорӣ кард.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва васеъ намудани заминаҳои нав дар самти энергетика таъкид карданд.