
04-уми июли соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имай Сэйдзю мулоқот анҷом дод.
Зимни муколама ҳамкориҳом Тоҷикистон бо Агентӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе равона гардид.
Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои тақвияти устувории шабакаи энергетикӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ дар пойтахти кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо иброз доштанд.