🇹🇯🇸🇦30-юми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, барои густариши бештари муносибатҳо дар соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об табодули афкор карданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди равобити судманд бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва омода аст дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои энергетикаи барқароршаванда, иктишоф ва истихроҷи конҳои нави нафту газ, инчунин идоракунии устувори захираҳои об ҳамкории фаъолро идома диҳад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: www.instagram.com/mewr.tj















