‎МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ АССОТСИАТСИЯИ ЭНЕРГЕТИКИИ ИМА

‎🇹🇯🇺🇸15-уми апрели соли 2026. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи Ассотсиатсияи энергетикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мелисса Бровн мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.
‎
‎Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА-ро дар соҳаи энергетика баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои муосир зоҳир гардид.
‎
‎Дар идомаи муколама масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла пешрафти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, рушди неругоҳҳои офтобӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои обӣ ва инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
‎
‎Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, изҳор намуданд.

✅@mewrtj