2-юми сентябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати ширкати «LS Corporation»-и Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба ҳайати ширкати «LS Corporation» имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, аз ҷумла имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар идома намояндагони «LS Corporation» фаъолияти ширкат, таҷрибаи байналмилалӣ ва имкониятҳои технологии онро дар самти электроэнергетика, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, кабелҳо ва дигар маҳсулоти саноатӣ муаррифӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.















