МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО НАМОЯНДАИ КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

15-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) – узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, ҷалби сармояи хусусӣ ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва истифодаи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон, ҳамчунин масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, таҳияи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ ҷолиб барои бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ва истифодаи хизматрасониҳои машваратии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар самти омодасозӣ лоиҳаҳои инфрасохториро матраҳ намуданд.