30-юми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагон, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Шариф, муовини раиси Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон Қудусов Мансур иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Ғиёзода Азиз зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, ки ҳадафи мизи мудаввар баррасии вазъу мушкилоти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи самараноки иқтидори энергияи сабз дар Тоҷикистон мебошад.
Дар идома, раиси Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Шерализода Муҳамадулло дар мавзуи «Ҳолати кунунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти МБЭ», Маҳмадзода Шариф («Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалии рушди МБЭ дар Тоҷикистон»), Қудусов Мансур («Ҷанбаҳои илмию амалии истифодаи неруи офтоб дар шароити Тоҷикистон») дар назди ҳозирин маъруза намуданд.



















