3-юми ноябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати ширкати «China Pingmei Shenma»-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла коркарди ангишт, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коркарди он, бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама, омӯзиши имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика изҳор доштанд.
















