Лоиҳаи таъминоти барқи деҳоти Тоҷикистон

Дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» корҳои омодагӣ дар доираи Лоиҳаи таъминоти барқи деҳоти Вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст.

Маблағгузории Лоиҳа аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи Марҳилаи паст намудани хавфҳо АБР-2018 бо мақсади таҳким бахшидани устувории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарогирии кул амалӣ хоҳад шуд.

Мақсади асосии Лоиҳа пайваст намудани хонаводаҳои осебпазир аз ноҳияҳои наздисарҳадии Вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ба шабакаҳои муттамаркази барқӣ  ба шумор меравад.

Дар доираи Лоиҳа сохтмони инфрасохтори зарурӣ барои таҳвил додани нерӯи барқи дар НБО-и «Себзор» истеҳсолшаванда, ҳалли масъалаи таъминоти барқи 105 деҳаи ВМКБ ва вилояти Хатлон, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд, неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ,  барои маҳалҳо ва минтақаҳои аҳолинишини вилоятҳои мазкур, ки хизматрасонии барқиро дар бар мегиранд, ҳамзамон сохтмони хатҳои интиқоли барки шиддаташон паст барои пайваст намудани минтақаҳои аҳолинишини бо нерӯи барқ таъмин набуда бо шабакаҳои барқии мутамарказ дар назар дошта шудааст.

Нусхаи ҳуҷҷатҳои зарӯрӣ вобаста ба мавзуъ бо забонҳои руссӣ ва англисӣ дар шакли pdf :

Environmental and Social Management Framework_ Khatlon_DRAFT

Resettlement Policy Framework_DRAFT

Stakeholder Engagement Plan_ Khatlon_DRAFT

Основы Политики Переселения_ПРОЕКТ

План Взаимодействие с Заинтересованными Сторонами_Хатлон_ПРОЕКТ

Система Экологического и Социального Управления_Хатлон_Проект