Соҳаи нафту газ ҷузъи муҳими комплекси сӯзишворӣ -энергетики кишвар буда, дар қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти нефтӣ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ нақши арзанда дорад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои кофии карбогидридҳо, аз ҷумла ангишт мебошад. Мутаассифона, бинобар релефи нисбатан душвори ҷойгиршавӣ ва омилҳои ҷуғрофӣ барои азхудкунии ҳаҷми калони ин захираҳо то ба имрӯз имконият даст намедод.
Биноан, ҳаҷми истеҳсоли нефту газ дар кишвар бениҳоят кам буда, ҳиссаи он дар таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар низ ночиз мебошад. Бо дарназардошти рушди илму техникаи муосир ва таҳлилҳо кашфу истихроҷи нефту газ дар кишвар дар оянда самти афзалиятнок эътироф шудааст.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши нефту газ корҳои зеринро амалӣ менамояд:
- Таҳия нақшаҳо, татбиқи сиёсати давлатӣ ва танзими меъёри-ҳуқуқӣ;
- Ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои давлатӣ, макомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти чамъиятӣ бо мақсади ҳамоҳанг намудани чораю тадбирандешиҳо вобаста ба саноати истихроҷи нафт ва газ, роҳандозӣ ва назорати қубурҳои асосии газ, кашфи ҷойҳои нави карбогидратҳо дар асоси созишнома оид ба тақсимоти маҳсулот(СТМ) ;
- Роҳандозии чорабиниҳо вобаста ба омодагӣ ва амалисозии созишнома оид ба тақсимоти махсулот;
- Таҳия намудани стратегияҳо, барномаҳо, консепсияҳо, барномаҳои рушд ва роҳҳои амалисозии онҳо;
- Додани иҷозатномаҳо вобаста ба коркард, таъминот ва нигоҳдории маҳсулоти нефтӣ;
- Дигар вазифаҳое, ки Низомномаи Вазорат муқаррар кардааст.