Барномаҳои соҳаи электроэнергетика

Бо мақсади азхудкунӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва баландкуҳи кишвар бо неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва энергетикии кори неругоҳҳои хурд, фароҳам намудани шароит барои хизматрасонии бетаъхири неругоҳҳои барқи обии хурди мавҷуда, таъмири онҳо, ва ҳамчунин мавҷудияти истеҳсоли таҷҳизот барои НБО-и хурд дар кишвар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015,  № 795 оид ба  «Барномаи азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020» қабул гардид.

Сарчашмаҳои асосӣ барои маблағгузории иншооти мазкур Вазорат ва дигар мақомоти дахлдори кишвар, сармоягузорони муқимӣ ва байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ муайян гардидаанд.

Айни замон, дар кишвар 285 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори аз 5 то 4300 кВт ба қайд гирифта шуда,  аз ин шумора 16 адад аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» сохта шуда, иншооти давлатӣ аст.

Калонтарини онҳо:

«Марзич» (4300 кВт) ноҳияи Айнӣ, «Сангикар» (1000 кВт) ноҳияи Рашт, «Питовкул-2»  (1100 кВт) ноҳияи Лахш , «Куҳистон» (500 кВт)ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.

Генеральный план развития энергетического cектора – Заключительный отчёт (pdf)

Генеральный план развития энергетического cектора, Том 2 – Приложения (pdf)

Power sector development master plan final report (pdf)

Power sector development master plan volume 2 – appendices (pdf)

Программа-для-Достижения Результатов (ПДДР)

Program-for-Results

Накшаии амал оид ба солимгардонии Вазъи молиявии ширкатхои энергетики_30.03.2024