Захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин шумора ба 527 млрд кВт.соат/солона баробар мебошад. Бо дарназардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317млрд.кВт соат баробар буда, айни замон танҳо4-5 фоизи он мавриди истифода қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия,ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷои аввалро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 95 фоиз аз гидроэнергетика ташкил меёбад.

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.

Захираи гидроэнергетикии дарёи Панҷ.

Иқтидори гидроэнергетикии дарёи Панҷ ба 122,9 млрд. кВт.соат баробар буда, дар баробари ин захираҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ 82 млрд.кВт соатро ташкил менамояд. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, айни замон 14 қисматҳои марзӣ  барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо мавҷуд мебошанд, ки танҳо яке аз онҳо мавриди истифода қарор дорад.  Дарёи Панҷ яке аз бузургтарин дарёҳои Тоҷикистон бодарозии 921 км, майдони обҷамкунии 114000 км2 ва бо ҳаҷми ҷараёни об 33,4км2 ба шумор меравад. Давомнокии ин дарё сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷудо менамояд.

Дарёи Панҷ Ҳаҷми обанборҳо, км3 Иқтидори муқарраргардида,

МВт

Истеҳсол

млрд.

кВт.ч/год

НБО Баршор 1,25 300 1,6
НБОАндероб 0,1 650 3,3
НБО Пиш 0,03 320 1,7
НБО Хоруғ 0,01 250 1,3
НБО Рушон 4,1 3000 14,8
НБО Язғулом 0,02 850 4,2
Гранитные ворота ГЭС 0,03 2100 10,5
НБО Ширговард 0,04 1000 9,7
НБО Хостав 0,04 1200 6,1
НБО Даштиҷум 10,2 4000 15,6
НБО Ҷумар 1,3 2000 8,2
НБО Москва 0,04 880 3,4
НБО Кончин 0,2 350 1,5
Маҷмуи иншооти гидротехникии болооби Амударё 15,2 1000 4,4
             Ҳамагӣ 32,56 17900 86,3

Захираи гидроэнергетикии дарёи Вахш

Иқтидори гидроэнергетикии дарёи Вахш ба 251,15 млрд.кВт.соат баробар буда, дар баробари ин захираҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ 37 млрд.кВт соатро ташкил менамояд. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, айни замон 9  мавзеҳои мувофиқ  барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо  мавҷуд мебошанд. Айни замон, дар 7-тои он неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 4775,05 МВт сохта шудаанд.

НБО-и Роғун, ки агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 ба кор андохта шуд, ҳаштумин НБО дар ин силсила ба шумор меравад.  баъд аз пурра сохта ба истифода додани НБО Роғун иқтидори умумии неругоҳҳои барқи обии ин силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш ба 8375,05 МВт баробар хоҳад буд.

Дарёи Вахш яке аз дарёҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дарёчаҳои дигар ва дигар резишгоҳҳое, ки ба ҳавзаи дарёи Вахш ворид мегардад 6276 ададро бо дарозии умумии 17073 км  ташкил мехиҳанд.  Дар ҳавзаи дарёи Вахш садҳо пирях бо масоҳати умумии наздики 5000 ки2 мавҷуд мебошад.  Ҳамчунин, ба ҳавзаи дарёи Вахш 569 кулҳои куҳӣ бо масоҳати умумии 17,37 км2 дохил мегардад.

Дарёи Вахш Ҳаҷми обанбор  км3 Иқтидори мавҷуда,

МВт

Коркард

млрд.кВт.соат/сол

НБО Роғун 13,3 3600 17,0
НБО Шуроб 0,027 850 2,1
НБО Норак 10,5 3000 11,2
НБО Бойғозӣ 0,084 600 2,9
НБО Сангтуда-1 2,7 670 2,5
НБО Сангтуда -2 0,932 220 0,665
НБО Сарбанд 240 0,96
НБО Перепадная 29,95 0,21
НБО- и Марказӣ 15,1 0,114
Ҳамагӣ: 27,543 9225,05 33,649

Захираи гидроэнергетикии дарёи Зарафшон

Иқтидори гидротехникии дарёи Зарафшон ба 33,94 млрд.кВт.соат баробар буда, дар баробари захираҳои гидротехникии аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи оби 10,55 млрд.кВт.соат -ро ташкил медиҳад.   Тибқи таҳлилҳои мавҷуда 13 мавзеъҳои мувофиқ барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо мавҷуд мебошад. Дарозии дарё 877 км буда, масоҳати умумии ҳаҷми ташакулёбии оби дарё 12,3 ҳазор кмро ташкил менамояд.

Дарёи Мстчоҳ  (резишгоҳи дарёи Зарафшон) Ҳаҷми обанбор, км3 Иқтидори мавҷуда, МВт Истеҳсол

млрд. кВт.с/сол

НБО-и Мастчоҳ 1,0 90 0,55
НБО-и Риомут 0,55 75 0,46
НБО-и Обурдон 0,72 120 0,35
НБО-и Дарг 0,05 130 0,75
НБО-и Сангистон 0,05 140 0,9
НБО-и Похут 0,05 140 0,9
Фондарё  (резишгоҳи дарёи Зарафшон)
НБО-и Фондарё 300 1,8
Ҳамагӣ: 2,42 995 5,71

 

Дарёи Зарафшон Ҳаҷми обанбор, км3 Иқтидори мавҷуда, МВт Истеҳсол

млрд.кВт.с/сол

НБО Айнӣ 0,05 160 0,95
НБО Ёвон 0,05 120 0,18
НБО Дупула 26 200 1,0
НБО-и Панҷакент 1 50 0,27
НБО-и Панҷакент 2 45 0,25
НБО-и Панҷакент 3 65 0,38
Ҳамагӣ: 26,1 640 3,03

Захираи гидроэнергетикии дарёи Кофарниҳон

Иқтидори гидротехникии дарёи Кофарниҳон ба 37,22 млрд.кВт.соат баробар буда, дар баробари захираҳои гидротехникии аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи оби 8,7 млрд.кВт.соат -ро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда 6 мавзеъҳои мувофиқ барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо мавҷуд мебошад.

Дарёи Кофарниҳон Ҳаҷми обанбор, км3 Иҷтидори мавҷуда, МВт Истеҳсол

млрд.кВт.с/сол

НБО Вистан 200 0,6
НБО Сарвоз 250 0,8
НБО Явроз 0,045 400 1,1
НБО Ромит 1,2 450 1,4
Иншооти обиии Багҷигдин 0,85 150 0,6
Иншооти обии поёноби Кофарниҳон 2,05 150 0,6
Ҳамагӣ: 4,145 1600 5,1

Захираҳоии гидроэнергетикии дарёҳои Сурхоб ва Оби Хингоу

Дарёи Сурхоб ва Обихингоу аз дарёи Вахш сарчашма гирифта, иқтидори энергетикии онҳо 36,32 млрд.кВт.соат муайян гардидааст.   Дар баробари ин захираҳои гидротехникии аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи оби 16,46 млрд.кВт.соат -ро ташкил медиҳад.   Тибқи таҳлилҳои мавҷуда 4 мавзеи мувофик дар ҳавзаи дарёи Сурхоб ва 5 мавзеи мувофик барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Обихингоу мавҷуд мебошад.

Дарёи Сурхоб Ҳаҷми обанбор, км3 Иқтидори мавҷуда, МВт Истеҳсол

млрд.кВт.ч/год

НБО Ҷалбулак 1,4 600 2,0
НБО Сайрон 0,01 500 2,2
НБО Горген 0,02 600 2,7
НБО Ғарм 0,02 400 1,8
Ҳамагӣ: 1,45 2100 8,7

 

Дарёи ОБИ ХИНГОУ Ҳаҷми обанбор, км3 Иқтидори мавҷуда, МВт Ислеҳсол

млрд.кВт.ч/год

НБО Сангвор 1,5 800 2,0
НБО Урфатин 0,01 850 2,1
НБО Штиен 0,01 600 1,5
НБО Нуробод-1 0,02 200 1,2
НБО-Нуробод-2 0,01 160 0,96
Ҳамагӣ: 1,55 2610 7,76