Дарёҳо

Дарёҳо – дороӣ ва хазинаи беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ҳудуди кишвар тақрибан 947 адад дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар мебошад.

Амударё ва Сирдарё дарёҳои калонтарин ва асосии кишвар ба шумор рафта,  ҳавзаи дарёи Аму аз якҷояшавии ҷараёни оби дарёи Панҷ (бо резиши асосии дарёҳои Ғунт ва Бартанг), дарёи Вахш, (ки аз обҳои водии Олой ва Помири шимолӣ ташкил меёбад), дарёи Кофарниҳон, Сурхондарё, (ки аз нишебиҳои қаторакуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд) ташкил меёбад.

Маҷрои миёнасолонаи дарёҳо дар кишвар 64 км3, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму 62,9 км2 ва дар ҳавзаи дарёи Сир 1,1 км3 –ро ташкил менамояд. Оби дарёҳои Тоҷикистон 54,4 фоизи ҳисоби миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамояд.

Амударё

Амударё калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ бо масоҳати 199350км2,  дарозии 2294 км ва ҷараёни миёнаи солонаи 78,46 км3 ба шумор меравад. Ба ҳавзаи ин дарё Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон,  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Ба ҳавзаи Амударё аз дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон ҳаҷми зиёди об ворид мегардад, ки 75,5 фоизи ҳаҷми умумии захираи оби ҳавзаи дарёи Амуро ташкил менамояд.

Амударё барои арзи вуҷуд доштани милионҳо мардуми минтақа ва пешбурду рушди соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ, истеҳсоли нерӯи барқ, саноат, таъминоти оби нушокӣ ва маишӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Сирдарё

Дарёи Сирдарё дуюмин дарёи калонтарин дар Осиёи Марказӣ буда, масоҳати обгузари он 150100 км² аст. Дарозии умумии Сирдарё аз омезиши дарёҳои Норин ва Қарадарё 2684 км ва аз сарчашмаи дарёи Норин 3019 км аст. Ҷараёни миёнадарозмуддати дарё 37,14 км³ мебошад.

Сирдарё аз шимоли Тоҷикистон бо дарозии 192 км ҷорист. Шохобҳои асосии дарё дар ҳудуди Тоҷикистон дарёҳои Исфара, Хоҷабақирғон, Исфана ва Оқсу ба шумор мераванд.
Ҷараёни умумии дар қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сирдарё ба вуҷуд омада ночиз буда, тақрибан 1,1 км³/дар як солро ташкил медиҳад. Қисми зиёди ҷараёни дарёи ҳавзаи Сирдарё — тақрибан 75% дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ташаккул меёбад. Сипас Сирдарё аз ҳудуди Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷорӣ шуда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ба охир расида, ниҳоят ба баҳри Арал мерезад.