10-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз фаъолияти ҷамъият дар семоҳаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, намояндаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, инчунин роҳбарони филиалҳо ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.
Тибқи рӯзнома, нахуст муовини директори генералии ҷамъият Баҳодур Усмонов оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият ҳисобот дода, иброз дошт, ки дар ин давра самти асосии фаъолияти ҷамъият вобаста ба истифодаи сарфакорона неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизотҳои ШИБ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона гардида буд.
Дар идома гузориши роҳбарони филиалҳои минтақавии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» шунида шуд.
Дар интиҳои ҷаласа, вазири энергетика ва захираҳои об ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ таваҷҷуҳи зоҳир намуда, вобаста ба кам намудани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, таъмини омодагии онҳо ба мавсими обёрии дарпешистода, пешгирии талафоти неруи барқ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳо ба роҳбарият ва кормандони ҷамъият дастурҳои мушаххас дод.
















