БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ НБО “СЕБЗОР”

02-юми майи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулон, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда, яъне дар соли 2025 пурра ба истифода додани иншоот тамоми имкониятҳо мавҷуда сафарбар гардидааст.
Айни замон, 80 дарсади корҳоисохтмонӣ ба анҷом расониданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об дар ҷараёни боздид ба масъулон дастур доданд, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин неругоҳ, ҷараёни сохтмонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникӣ қатъиян риоя гардад.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мегаватт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.

Иншооти мазкур на танҳо ба таъмини устувори неруи барқ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, балки имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаро ба таври назаррас афзоиш хоҳад дод.