ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ЛОИҲАИ МИНТАҚАВИИ «CASA-1000» ДАР ДУШАНБЕ МЕГУЗАРАД

13-16-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак ва Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки 13-14 -уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак доир гардад. Дар он ҳайатҳои расмии аъзои лоиҳа, коршиносон, инчунин намояндагони шарикони рушд ва дигар ҳайатҳо иштирок менамоянд.
15-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» баргузор мегардад.
16-уми май иштирокчиёни ҷаласа бо зеристгоҳи конветорӣ бо иқтидори 1300 мегаватт дар мавзеи Сангтӯда ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.