ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ МУШТАРАКИ ЛОИҲАИ «CASA-1000» ОҒОЗ ГАРДИД

13-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳҳои кории муштараки кишварҳои аъзои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ва шарикони рушд оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода суханронӣ намуда, аҳамияти стратегии лоиҳаи «CASA-1000»-ро барои кишварҳои иштирокчӣ таъкид кард.

– Ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ на танҳо ба рушди низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд, балки заминаи муҳими ҳамкории иқтисодиву сиёсӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад, – илова намуд М. Сафарзода.

Зимни ҷаласа, ки давоми ду рӯз (13-14-уми май) баргузор мегардад, масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баррасӣ мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки 15-уми майи соли 2025 баргузории ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ боздиди мењмонон аз зеристгоҳои конвертории 1300 МВт дар мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Кӯшониён ва Неругоҳи барқи обии «Норак» дар назар аст.