Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
16-уми январи соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2007 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (рӯзона бо ихтисос менеҷери фаъолияти гумрук) ва соли 2018 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро (ғоибона бо ихтисоси неругоҳҳои барқӣ) хатм намудааст.
Бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2007 – 2009 Мутахассиси шуъбаи харид ва таҳлили лоиҳаҳои Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»
Солҳои 2009 – 2010 Мутахассиси пешбари шуъбаи харид ва таҳлили лоиҳаҳои Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»
Солҳои 2010– 2014 Сардори шуъбаи хариди Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»
Солҳои 2014-2020 (08) Сардори раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2020 – 2022 Сардори Сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз июни соли 2022 Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон













