ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ КОНДИТСИОНЕР: Чӣ тавр ҳам роҳатро таъмин намоем ва ҳам неруи барқро сарфа кунем?

Бо фаро расидани фасли тобистон, яъне гарм шудани ҳарорати ҳаво, истифодаи кондитсионерҳо ба як ниёзи ҷиддӣ табдил меёбад. Аммо, аксар вақт мо онҳоро ғайрисамаранок истифода мебарем, ки боиси харҷи зиёди неруи барқ мегардад. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки риояи якчанд қоидаҳои одӣ метавонад ба кам шудани истеъмоли неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии кондитсионер кӯмак расонад.

1. Самаранокии неруи барқ дар кондитсионерҳои дараҷаи (класс) А
Кондитсионерҳои дараҷаи А (A, A+, A++, A+++) барои хунуккунӣ ва гармкунӣ неруи барқи камтар масраф мекунанд.
Масалан: дарҷаи A: то 30% каммасрафтар нисбат ба дарҷаи B;
Дараҷаи A+++: то 60% каммасрафтар аз тамғаҳои куҳна ё дараҷаҳои поёнӣ.

2. Танзими дурусти ҳарорат
Коршиносон тавсия медиҳанд, ки ҳарорати кондитсионерро дар рӯзҳои гарм дар сатҳи 24-26 дараҷа нигоҳ дорем. Танзими ҳарорат ба 18 ё 19 дараҷа на танҳо барқро зиёд масраф мекунад, балки фишори зиёдеро ба компрессори дастгоҳ меорад. Ин метавонад муҳлати истифодаи он¬ро кӯтоҳ кунад.

3. Истифодаи ҳолати “eco” ё “energy saver”
Аксари тамғаҳои нави кондитсионерҳо дорои реҷаи “eco” ё “energy saver” мебошанд. Ин реҷаҳо кори компрессорро мутобиқ ба ҳарорати воқеии ҳаво танзим мекунанд ва истеъмоли барқро то 30% коҳиш медиҳад.

4. Поксозии мунтазами филтрҳо
Тибқи гуфтаи мутахассисон, филтрҳои ифлосшуда боиси паст шудани гардиши ҳаво ва зиёд шудани кори компрессор мешаванд. Ба ҳисоби миёна, як филтри тоза то 15% неруи барқро сарфа мекунад. Маслиҳат дода мешавад, ки филтрҳоро ҳар ду ҳафта як маротиба тафтиш ва тоза намоед.

5. Бастани дару тирезаҳо ҳангоми фаъол будани дастгоҳ
Агар дару тирезаҳо ҳангоми кори кондитсионер кушода бошанд, ҳавои сард зуд аз хона хориҷ мешавад ва дастгоҳ маҷбур мешавад, ки бо қувваи бештар кор кунад. Ин амал то 40% зиёда барқ сарф мекунад.

6. Истифодаи парда ё пардаи сояафкан
Бино ба таҳқиқоти Маркази байналмилалии самаранокии энергия, истифодаи пардаҳои ғафс ё пардаҳое, ки нури бевоситаи офтобро маҳкам мекунанд, ҳарорати дохили хонаҳоро то 2-3 дараҷа поин мебарад. Ин боис мегардад, ки кондитсионер бо сарфи ками неруи барқ фаъолият намояд.

7. Мавқеи дурусти насби кондитсионер
Тибқи тавсияи муҳандисон, кондитсионерро набояд дар рӯ ба рӯи офтоб ё дар ҷойҳое, ки ба гармии зиёд дучор мешаванд, насб кард. Чунин ҷойгиркунӣ кори дастгоҳро вазнин мекунад ва боиси харҷи зиёди неруи барқ мегардад.

Бинобар ин, истифодаи оқилонаи кондитсионерҳо боиси сарфаи маблағ гардида, муҳлати истифодаи дастгоҳро зиёд менамояд.
Ҳар як шаҳрванд метавонад бо риояи қоидаҳои одии истифодабарии таҷҳизот, саҳми худро дар самаранок истифода бурдани захираҳои энергетикӣ гузорад.

Ёдовар мешавем:
Энергия неъмат аст – онро оқилона истифода барем!