8-уми июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа муовини раиси ВМКБ Фурқати Ҳукумат, раиси ноҳияи Роштқалъа Лашкар Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш (маҷозӣ) ва дигар нафарони масъул иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар шашмоҳаи якум гузориш пешниҳод шуд.
Сипас, муовини вазири энергетика ва захираҳои об аз фаъолияти як қатор идораву муассисаҳо пурсон шуда, ба масъулон бобати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дод.














