15-уми апрели соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии натиҷаҳои мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ёсуман Акрамзода, нозири раёсати мазкур Файзиддин Ҳусейнзода, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Манучеҳр Сафарзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки татбиқи самараноки чораҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар фаъолияти соҳа яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Сипас, сардори раёсати ҳуқуқи Вазорат Хусрав Рамазонзода натиҷаҳои мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якумро муфассал пешниҳод намуд.
Дар идома Ёсуман Акрамзода вобаста ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 тасдиқ гардидааст, суханронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати он тавсияҳои мушаххас дод.
✅@mewrtj

















