🇹🇯🇺🇸15-уми апрели соли 2026. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи Ассотсиатсияи энергетикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мелисса Бровн мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА-ро дар соҳаи энергетика баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои муосир зоҳир гардид.
Дар идомаи муколама масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла пешрафти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, рушди неругоҳҳои офтобӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои обӣ ва инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, изҳор намуданд.
✅@mewrtj














