Рӯзҳои 18-20-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ҷаласаҳои корӣ баргузор гардид.
Дар кори онҳо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарияти Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS), Бонки Умумиҷаҳонӣ ва шикрати пудратчӣ Kamani Engineering Corporation (KEC) ширкат доштанд.
Зимни ҷаласаҳо вазир таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани эътимод миёни кишварҳои аъзои ва таъмини содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ дорад.
Қайд гардид, ки айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа дар сетои он – Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома доранд.
Ҷонибҳо ҷараёни корҳои иҷрошуда, масъалаҳои техникиву молиявӣ, ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият ва муҳлатҳои анҷоми корҳои боқимондаро дар ҳудуди Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина, намояндагони ширкати KEC иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон тибқи нақшаи таҷдидшуда, баҳори соли 2027 ба анҷом мерасад ва аз тобистони соли 2027, аллакай, марҳилаи тиҷоратии лоиҳа оғоз мегардад.
Таъкид гардид, ки анҷоми пурраи ин тарҳи муҳими минтақавӣ ба рушди бозори энергетикӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои аъзои лоиҳа мусоидат хоҳад намуд.
Дар фарҷоми ҷаласаҳо Протоколи вохӯрӣ ба имзо расонида шуд.
















