МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ ХБА

2-юми сентябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Гозӣ Шбайкат мулоқот анҷом дод.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба қарор гирифта, ба вазъи кунунии бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.