ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

3-юми сентябри соли 2026, Роштқалъа. – Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода дар ноҳияи Роштқалъа ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини вазир зимни суханронӣ сокинони сарбаланди ноҳияи Роштқалъаро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки соҳибистиқлолӣ рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ, тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландиву худшиносии миллати тоҷик мебошад.

Қайд карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, барқарорсозии иқтисодиёти кишвар, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои пайгирона ва созанда амалӣ гардиданд.

Махсусан зикр гашт, ки тайи ин солҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа, ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳои иҷтимоӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

– Корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа, аз ҷумла сохтмони иншооти нав, азнавсозии роҳҳо, ободонии маҳалҳо ва беҳтар намудани муҳити иҷтимоиву хизматрасонӣ шаҳодати равшани он мебошанд, ки мардуми заҳматкашу ватандӯст ва соҳибиқболи ноҳияи Роштқалъа дар раванди ободонии Ватан ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда мегузоранд, – қайд кард П. Яҳёзода.

Таъкид гардид, ки ҳифзу таҳкими арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, зарурати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ махсус таъкид карда шуд.

Дар фазои тантанавӣ ба як қатор сокинони ноҳияи Роштқалъа барои фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва корҳои созандагиву ободонӣ Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии идона Парвиз Яҳёзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори ҶДММ «Кашмири Помир»-и ноҳияи Роштқалъа Маҳзамбек Ҳамдамов мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – медали «Хизмати шоиста»-ро тақдим намуд.