ЧОРАБИНИИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ

14-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026 машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Парвиз Яҳёзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти риояи талаботи ҳифзи сирри давлатӣ ва таъмини амнияти иттилоотиро дар фаъолияти Вазорат таъкид кард.

Дар идома кормандони Вазорат ва намояндагони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳтавои Барнома ва масъалаҳои вобаста ба татбиқи он баромад намуданд.