‎ВАЗИР АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ «ҒАРБӢ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ШИНОС ШУД

‎4-уми ноябри соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар якҷоягӣ бо муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода ва директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода аз рафти корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Ғарбӣ» боздид ба амал овард.
‎
‎Зимни шиносоӣ ба вазир оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, дастрас намудани таҷҳизоти муосири барқӣ ва нақшаи анҷоми сохтмон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз бунёди зеристгоҳ баланд бардоштани эътимоднокӣ ва устувории таъминоти барқи шаҳри Душанбе, коҳиш додани сарбории шабакаҳои амалкунанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи инфрасохтори энергетикии пойтахт мебошад.

Дар зеристгоҳи нав насби ду автотрансформатори иқтидори ҳар кадом 200 МВА пешбинӣ гардидааст.
‎
‎Фармоишгари лоиҳа ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва пудратчии он ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» мебошад.
‎
‎Айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, майдони сохтмон пурра омода ва биноҳои муваққатии маъмурию истеҳсолӣ бунёд гардидаанд.
‎
‎Дар доираи лоиҳа, инчунин сохтмони хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ аз зеристгоҳи барқии «Регар-500» то зеристгоҳи «Ғарбӣ» пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти барқ ва коҳиш додани сарбории зеристгоҳҳои 220/110/10 кВ «Нав» ва «Дарёканор» сохтмони шаш хати кабелии 110 кВ аз зеристгоҳи «Ғарбӣ» ба самти зеристгоҳҳои «Саноатӣ», «Боғи Ирам» ва «Заводӣ» пешбинӣ гардидааст.

‎Зимни шиносоӣ Далер Ҷумъа ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои техникӣ ва талаботи бехатарӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва иҷрои саривақтии корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, ба зарурати тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти фармоишгар, пудратчӣ ва мақомоти дахлдори маҳаллӣ барои ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷуда ва пешгирии таъхир дар татбиқи лоиҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

‎Тибқи нақша, сохтмони зеристгоҳи барқии «Ғарбӣ» моҳи апрели соли 2028 ба анҷом расонида мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти муҳими энергетикӣ имкониятҳои техникии шабакаҳои барқи пойтахт тақвият ёфта, барои коҳиш додани сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда, баланд бардоштани сифату эътимоднокии таъминоти барқ ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иншооти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе заминаи мусоид фароҳам меояд. Лутфан хабари мазкурро ба забони русӣ тарҷума намоед.