Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Санаи 6 сентябри соли 2019 дар толори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раисии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонали Усмонзода ва бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид.

Ҷаласаро Вазири энергетика ва захираҳои об бо суханони табрикоти оғоз намуда, дар партави гуфтаҳо Суруди миллӣ садо дода, Парчами давлатӣ ба толори маҷлисгоҳ ворид карда шуд.

Ҳамзамон, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дарки масъулияти баланди ватандорӣ, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафолати рушди кишвар, сиёсати сулҳпарварона ва талошҳои бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст овардани он суханронӣ намудан.

Иброз гардид, ки соҳаи энергетика низ ҳамчун  як шохаи ҷудонашавандаи иқтисодиёти кишвар дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки муҳимтарин аз онҳо ба истифода додани чархи якуми НБО- Роғун ба ҳисоб рафта, боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки имрузҳо мо дар арафаи мавриди истифода қарор гирифтани чархи дуюми он қарор дорем.

Дар доираи чорабини, ҳамчунин кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об дар мавзуъҳои “Истиқлолият рукни асосии ободиву озодӣ ва пешравии ҷомеа”, “Даврони соҳибистиқлолӣ фароҳамсози имкониятҳо барои рушди соҳаи энергетика”, “Аҳамияти таърихии истиқлолияти Тоҷикистон”, “Зан ва истиқлолият” баромад намуданд.