Нерӯгоҳи барқӣ обии хурди “Марзич”

Нерӯгоҳи барқӣ обии хурди Марзич дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд қарор дошта 26 сентябри соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст.

Иқтидори номиналии нерӯгоҳ 4300 кВт ва арзиши лоиҳавии сохтмон 4 087 032 дол. ИМА-роташкилдода, айни замон дар гурӯҳи нерӯгоҳҳои хурд яке аз калонтарин нерӯгоҳ ба шумор меравад.

Бинобар сабаби дар соли 2011 дар минтақаи Зарафшон мавҷуд будани маҳдудияти шадиди нерӯи барқ, дар навбати аввал нерӯгоҳ бо таври автономӣ ба кор дароварда шуда, 6 деҳаҳои наздик ба нерӯгоҳ бо энергияи барқ таъмин карда шуданд.

Баъди анҷом додани як қисми корҳои иловагӣ, нерӯгоҳ барои пайваст намудан ба шабакаи ягонаи барқи ҷумҳурӣ омода карда шуда, моҳи ноябри соли 2013 санҷиши комплексии иншоотҳо ва таҷҳизотҳои нерӯгоҳ гузаронида шуд ва санаи 26 ноябри соли 2013 аз ҷониби Комиссияи корӣқабул гардид.

НБО-и хурди мазкур аз оғози фаъолияташ то ин ҷониб дар солҳои 2011-2019 ба деҳаҳои дурдасти водии Зарафшон, ки норасогии шадиди энергияи барқмушоҳида карда мешуд, ба миқдори  9 039 076 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуда, ба муштариён интиқол додааст.