Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Далер Ҷумъа сароѓоз кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва нињодњои зертобеъро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, дар бораи таърих ва ойини парчаму парчамдорї ва Парчами давлатӣ, ки яке аз муќаддасоти миллӣ мањсуб меёбад, суханронї намуд.

Қайд карда шуд, ки Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, таърих гувоҳ аст, ки ҳанўз аз давраҳои пеш ниёгони мо оини парчамсозиву парчамдориро гиромї ва қадр медоштанд. Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву якдилии халқу миллатҳои ҳар кишвар, мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳими фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.

Сипас, дигар кормандони Вазорат дар бораи таърих ва моҳияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.