Ҷаласаи ҳайати Мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 15 – уми январи соли равон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи энергетика, нафту газ ва  захираҳои об дар соли 2020 ва нақшаҳо барои нимсолаи аввали соли 2021 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Мушовара баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раисии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа баргузор гардид, дар он кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъ, ширкат варзиданд.

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2020 Ҷамшед Шоимзода – муовини якуми вазир маърӯза кард.

Далер Ҷумъа ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешравии кор ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон қайд намуд, ки њама аҳли коллектив ва масъулини соҳа бояд баҳри ҳадафи стратегии кишвар – ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ кўшишу ғайрат намоем.