Сафари кории Вазири энергетика ва захираҳои об ба вилояти Суғд

Санаи 4 – 7 апрели соли 2021 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти иншоотҳои обию энергетикӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Бӯстони  вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.

 Дар доираи сафари корӣ муҳтарам Далер Ҷумъа аз рафти корҳои таҷдид дар НБО “Қайроққум”, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии дарпешистода дар пойгоҳи обкашии «Хоҷабақирғон -1» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чоҳҳои нафти 16 ва 17-и майдони «Маҳрам» дар шаҳри Конибодом боздид ба амал оварда, бо вазъи иншоотҳо  аз наздик шинос гардид.