Вохӯрии расмӣ бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 май дар Вазорати энергетика ва захираҳои об вохӯрии Вазир – Далер Ҷумъа бо сафири Фаронса ҷаноби Мишел Тарран баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин атташеи шуъбаи иқтисодии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзид.

Ҷонибҳо роҳҳои ҳалли мушкилотро дар соҳаи об ва барқ муҳокима намуда, ҳамкориҳои калидии  дуҷонибаро таҳлил карданд. Муҳтарам Ҷумъа Далер иброз доштанд, ки соҳаҳои энергетика ва захираҳои об барои рушди иқтисодиёти кишвар афзалиятнок мебошанд.

Дар ҷараёни мулоқот Ҷумъа Далер қайд намуд, ки ин мулоқот барои мо шароит фароҳам меоварад, ки дурнамои имкониятҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронсаро муайян намоем. Дар ин замина, ҳарду ҷониб барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об ва энергетика изҳори ҳавасмандӣ намуда, вобаста ба самтҳои имконпазири ҳамкориҳо дар оянда мубодилаи афкор намуданд.

Илова бар ин, Далер Ҷумъа миннатдории худро ба сафири Фаронса барои  ҳамкорињои мутақобилан  судманд дар татбиқи барномаҳои муҳими иҷтимоӣ баён намуда, таваҷҷуҳи Сафирро барои иштироки эҳтимолии ширкатҳои фаронсавӣ дар тендерҳо, аз қабили сохтмони неругоҳи барқи обии  «Себзор», бо иқтидори 11- МВт ҷалб намуд.