ШАРҲИ МАТБУОТӢ

Дар нимсолаи якуми соли 2021 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баённамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои  соҳавии рушди  энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадорињои худ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз ҷумла дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имкониятҳои содиротӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Вазорат бо дастгирии ҳукумати мамлакат, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани  иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳоло таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома дошта, баъди таҷдиди пурра, тавоноии умумии ин се нерўгоҳ нисбат ба тавоноии воқеии имрӯзаи онҳо, ба андозаи 374 МВт. афзоиш хоҳад ёфт.

Дар нимсолаи якуми соли 2021, истеҳсоли  нерӯи  барқ дар ҷумҳурӣ (бо дарназардошти НБО-ҳои хурд)  10 млрд. 073,1 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170,1 млн. кВт. соат кам буда, сабаби нисбатан кам гардидани истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани резиши об дар маҷроҳои дарёҳо, аз ҷумла дар дарёи Вахш мебошад.

Ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2021, 917,14 млн. кВт. соатро ташкил дод (аз он ҷумла 2 млн. 195 ҳазор. кВт. соат аз ҳисоби ҶСК “Помир-Энерҷӣ”), ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 млн. кВт. соат ё 5 фоиз зиёд меФбошад (дар ҳамин давраи соли гузашта 912,4 млн. кВт соат.).

Бо мақсади таъмини соҳаҳои иутисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, дар нимсолаи якуми соли 2021 ШСХК «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 2 млрд. 378,7 млн. кВт. соат неруи барқро ба маблағи умумии 887,5 млн. сомонӣ харидорӣ намуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 235,6 млн.кВт.соат ё ба андозаи 10,99 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли нерўи гармӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 717,8  ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба њамин давраи соли 2020 дар ҳаҷми 40,4 ҳазор Гкал ё 5,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар мавсими тирамоњу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар шаҳри Душанбе 2 583 бинову иншоот, аз ҷумла дар ноҳияи Сино 1 301 бинову иншоот (102,4%), дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 523 бинову иншоот (104,6%), дар ноњияи Шоњмансур 510 бинову иншоот (101,2%) ва дар ноњияи Фирдавсӣ 248 бинову иншоот (102,4%) бо энергияи гармӣ таъмин шуданд, ки ин 102,4% -ро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣдар маҷмуъ 253 819,3 тонна ангишт ворид карда шуда,  воридоти он тавассути мошинњои ангишткаш ҳамарўза идома дорад.

Маблағи фурўши неруи барқ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1 млрд. 657 млн. сомониро ташкил дода, ҷамъоварии он 1 млрд. 567 млн. сомонӣ ё 94,4 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 194,6 млн. сомонӣ  ё 14,1 % зиёд мебошад.

Дар давраи њисоботӣ, ҷараёни  ислоҳот дар соҳа идома дода шуда, ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис ва оғози кори онҳо таъмин карда шуд ва албатта, ин тағйиротҳо дар идоракунии соҳа дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ натиҷаҳои мусбӣ ба бор оварданд.

Аз ҷумла, дар асоси технологияи муосири (барномаи билингӣ)-и дар соња ҷоригардида, ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумотҳои нишондодҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба њисоб меравад. Дар натиҷа, сатҳи хизматрасонӣба муштариён баланд бардошта шуда, Вазорат дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиќол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми ќаламрави кишвар ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи энергияи барқ тавассути истифодаи технологияи муосир, корњоро дар сатњи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии НБО-ҳои хурд 284 адад бо иқтидорњои аз 5 то 4 300 кВт-ро ташкил намуда, иқтидори умумиашон 24,8 МВт-ро дар бар мегирад. Тибқи маълумотҳо дар нимсолаи якуми соли 2021 дар нерӯгоҳҳои хурд  9,2 млн. кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 млн. кВт.соат ё 1,8 фоиз кам мебошад.

Дар  нимсолаи якуми соли 2021 Вазорат фаъолияташро дар самти тарҳрезӣ, идоракунї ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об низ тақвият бахшид. Дар давраи ҳисоботӣ,   12 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика, аз қабили “Марҳилаи якуми таҷдиди нерўгоҳи барқи обии Норак”, “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди НБО-и қайроққум”, “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000”, “Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ”, “Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли нерўи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», “Кам намудани талафоти нерўи барқ дар вилояти Хатлон” (шањрњои Кўлоб ва Бохтар), “Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика” (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бўстон ва ноњияи Данѓара”), “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ”, “Барномаи дастгирии ҷомеаҳо”, “Электрофикатсияи деҳот” (ќисмати вилояти Хатлон) ва “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит” дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар маҷмуъ, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда, дар ҳаҷми 1,3 млрд. доллари ИМА маблаѓ ҷалб карда шудааст.

Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаҳои “Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Себзор”, “Электрофикатсияи деҳот” (ќисмати ВМКБ), “Бунёди хати интиќоли барќи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон” – марҳилаи 1, “Бунёди хати интиќоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон” – марҳилаи 2, “Марҳилаи ҳафтуми лоињаи Шуѓнон ё худ ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти ҳаққи нерўи барќ”, лоињаи “Бунёди хати интиќоли барќи 110 кВ барои пайвасткунии Дарвоз-Ванљ ба шабакањои асосии ширкати Помир Энерҷӣ”, Лоиҳаи  хусусии  энергетикии  Помир, марњилаи 3  бо маблағи умумии 96,9  млн. доллари ИМА идома доранд.

Инчунин, вобаста ба 2 лоињаи дигар – «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе» (қисмати Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика) ва «Сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Қозидеҳ») бо шарикони рушд музокиротњо баргузор гардида, созишномаҳои дахлдор ба маблағи умумии 35 млн. доллари ИМА, ки аз он 10 млн. доллар маблағҳои грантӣ ва 25 млн. доллар маблағҳои қарзӣ мебошанд, ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин, дар ин давра барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа тадбирҳои зарурӣ роњандозӣ гардид, аз ҷумла санаи 10 июни соли 2021 байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Узбекистон Созишнома доир ба таъсиси ҷамъияти саҳомӣ, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерўгоҳи барқи обӣ бо иқтидори миёна дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба имзо расид.

Соњаи нафту газ. Истихроҷи нафт дар нимсолаи якуми соли 2021, 12 њазору 181 тоннаро ташкил дод, ки њамин давраи соли гузашта 49 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 100,4%-ро ташкил дод. Ба ҳисоби молӣ бошад, ба маблағи 17, 2  млн. сомонӣ нафт истихроҷ шудааст, ки нисбати ба иљроиши нақша 609,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 103 фоизро ташкил медиҳад.

Истихрољи гази табиї 384 њаз. м3-ро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 њаз. м3 зиёд мебошад. Ба ҳисоби молӣ ба маблағи 90,9 ҳазор сомонӣ газ истихроҷ карда шудааст, ки иҷроиш 98,5% ва суръати афзоиш бошад, 101,9%-ро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби соҳибкорон ва ҷамъиятњои ватанї мањсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаљҷми 517 њаз. 685 тонна, аз ҷумла бензин 112 ҳаз. 454 тонна, сўзишвории дизелӣ 141 њаз. 507 тонна, сўзишвории реактивӣ 930 тонна, битум 13 њаз. 716 тонна, равғанњои молиданӣ 6 њаз. 799 тонна, кокси нафтї 12 њаз. 346 тонна ва гази моеъ 229 њаз. 923 тонна ворид карда шудааст.

Соњаи захираҳои об. Ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи об, ҷорӣ намудани механизмҳои пешқадами институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи об, ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳама бахшҳои истифодабарии об, пешбурди сиёсати обӣ дар кишвар ва барқарор намудани инфрасохтори хољагии об ва беҳдошт дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 4940,9 млн. м3 об гирифта шудааст. Яке аз мушкилоти асосии соњаи истифодабарии об ин талафот ба њисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ талафоти об ҳангоми интиқол то муштариён 1008,5 млн. м3 ё худ зиёда аз 20,4%-ро ташкил додааст.

Вазорати энергетика ва захирањои об ҳамчун мақоми ваколатдор ҷињати татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солњои 2016-2025 муайян гардида, оид ба ҳамоҳангсозии татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ Семинари миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии ислоҳоти соҳаи об санаи 12 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ташкилотњои байналмилалӣ, минтақавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коршиносони соҳаи об ва дигар тарафҳои манфиатдор баргузор намуд.

Инчунин, бо роҳбарии Вазорат санаи 11 майи соли 2021 ҷаласаи 80-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ ва реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи байнинашъунамои солҳои 2020-2021 дар њавзањои дарёҳои Сир ва Аму, иҷроиши пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки дар Саммити Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонд дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон баён гардида буданд ва дигар масъалаҳои марбут ба он, баррасӣ гардиданд.

Илова бар ин, санаи 18 июни соли 2021 бо иқдоми Вазорат ва дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравї оид ба оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов гузаронида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба натиҷањои аввалини шарҳи сармоягузориҳои давлатӣ дар соҳаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ҳамкорӣ байни Барномаи рушди СММ ва Вазорат ҷиҳати дастгирии ислоҳоти соҳаи об баррасӣ гардиданд.

ҳамзамон, ҷиҳати пешбурди сиёсат ва таҷрибаи кишвар оид ба соҳаи об дар сатњи байналмилалӣ, аз ҷумла татбиқ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва баргузор намудани Конфронси дуюми байналмилалӣ доир ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе, Вазорат як ќатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси болозикр, санаи 16 июни соли љорї ҷаласаи Кумитаи байналмиллалии машваратӣ оид ба татбиқи “Раванди Душанбе” баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи барномаи Конфронс такмил ва мувофиқа карда шуд. Дар баробари ин, дар самти рушди қонунгузорӣ ва танзими соҳаи об як чанд санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Вазорат таҳия гардида буданд мувофиқа ва қабул гардиданд. Аз ҷумла, лоиҳаи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд