Мулоқот бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон

17 декабри соли 2021 мулоқоти Вазири энргетика ва захираҳои об – Ҷумъа Далер бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуда, вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва дигар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарордошта мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир Ҷумъа Далер  ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи энергетика изҳори миннатдорӣ намуд.