Иштироки муовиня якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Самит оид ба ҳамбастагии об, озуқаворӣ ва энергия

Рўзҳои 18-19 январи соли 2022 дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Самит оид ба ҳамбастагии об, озуқаворӣ ва энергия баргузор карда шуд, ки дар он муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ба сурати маҷозӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Самити мазкур ҳамчун платформа ҷиҳати табодули амалҳои муштарак, омўзиш ва ҳамкориҳо барои беҳтар гардонидани амнияти обу озуқаворӣ ва энергетика маҳсуб ёфта, аз ҷониби кишварҳои Урдун, Нидерландия ва Аморати Муттаҳидаи Араб доир карда шуд.

Зимни суханронии худ Ҷамшед Шоимзода нақши калидии обро дар робитаи мутақобилаи байни об, озуқаворӣ ва энергетика баён намуда, Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва бунёди ояндаи устувор, тақвияти ҳамкориҳои кишварҳоро дар самти паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, ҷорӣ намудани механизми идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об бинобар афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон ва талабот ба захираҳои об, муттаҳид сохтани амалу нақшаҳо баҳри амалисозии ҳадафҳо тавассути воситаҳои молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияи пешқадам иброз дошта, инчунин нақши муҳими механизми фарогири ҳамкорӣ дар самти обро, ки дар ҳолати тағйирёбии иқлим барои таъмини сулҳу шукуфоӣ зарур мебошад, муҳим арзёбӣ намуд.