Мулоқот бо вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ

21 марти 2022 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ Маҳдӣ Рашид-ал-Ҳамдонӣ дар ҳошияи нуҳумин Форуми ҷаҳонии об дар Дакари Ҷумҳурии Сенегал вохӯрӣ намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла татбиқи ҳамкориҳои муштарак миёни мақомоти соҳавии ду кишвар дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ карданд.

Маҳдӣ Рашид-ал-Ҳамдонӣ омодагии кишварашро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) изҳор кард.