Эълон барои дархост кардани Иҷозатнома

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шаффофу осон кардани ҳамкорӣ, минбаъд дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тавассути сомонаи худ ijozat.mewr.tj ба таври онлайн қабул мекунад. Шахсоне, ки бо фаъолият оид ба коркарди нафт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ, нигоҳдорӣ ва фурўши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ, истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ, истихроҷи нафту газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитгардида ва дигар самти фаъолияти вобаста ба вазорат дахлдошта машғул шудан мехоҳанд имкон доранд, ки бемонеа ва бе хориҷ шудан аз манзили зисташон ба таври онлайн ба сомонаи ijozat.mewr.tj пайваст шуда барои гирифтани иҷозатнома дархости худро пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, соҳибкорон метавонанд иҷозатномаҳои худро тавассути барномаи мазкур баъд аз пардохт намудани боҷҳои давлатӣ дар дилхоҳ филиал ё марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии  «Амонатбонк» дастрас намоянд.

Мо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо шумоем!!!