Анҷумани VI-уми байналмилалӣ ва намоиши “Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Каспий 2022”

Санаҳои 25-27 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе анҷумани VI-уми байналмилалӣ ва намоиши “Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Каспий 2022” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони созмонҳои маблағгузор, ширкатҳои энергетикии хориҷӣ, намояндагони Институти гидропроекти шаҳри Ташкент, Институти масъалаҳои энергетикии Академияи илмии Ҷумҳурии Ўзбекистон, Институти давлатии илмӣ-тадкикотӣ ва лоихакашии Ҷумҳурии Қирғизистон «Энергопроект», Шўрои байналмилалии тиҷоратӣ, Вазорати идораи территориявӣ ва инфраструктураи Ҷумҳурии Арманистон, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон – тариқӣ маҷозӣ ва ҳамчунин ширкатҳои энергетикии кишвар, намояндаи сафорати Исландия дар Россия ва намояндагони сафоратҳои хориҷии кишвар дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои рушди технологияҳои муосир барои ҳалли масъалаҳо аз лоиҳакашӣ то татбиқ гардидани лоиҳаҳо, имкониятҳои пайдо гардидани тавоноиҳои бузурги гидроэнергетики дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Каспӣ, сохтмонӣ неругоҳи барқи обии “Роғун” ва нақши калиди он дар рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон, ақидаи коршиносони соҳаи молия оид ба ҷалби сармоя ба минтақа, интегратсияи манбаҳои барқароршавандаи энергия ва муносибати коплексӣ он ба гидроэнергетика, манфиатҳои бузургӣ неругоҳҳои барқи обии хурд, иқтидори рушди гидроэнергетикаи хурд ва лоиҳаҳои калидии он ва нақши технологияҳои муосир дар сохтмон ва  истифодабарии неругоҳҳои барқи обӣ мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуданд.