Аз Конфронси 27-уми тағйирёбии иқлим то Конфронси СММ оид ба захираҳои об 2023

Дар доираи иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим (COP27) дар шаҳри Шарм-ул-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб 12 ноябри соли 2022 ҷаласа дар мавзӯи «Аз COP-27 то Конфронси СММ оид ба захираҳои об 2023: суръат бахшидан ба амал оид ба об ва мутобиқшавӣ», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳигарии Нидерландия ва Институти байналмилалии оби Стокҳолм (SIWI) ташкил карда шудааст, баргузор гардид.

Ҷаласаро хонум Ли Шрайнемахер – вазири савдои хориҷӣ ва ҳамкории рушди Нидерланд ва Ҷамшед Шоимзода – муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.

Ҳадафи ҷаласа баррасии масъалаҳо оид ба суръат бахшидан ба амалҳои об ва мутобиқшавӣ таҳти мавзӯи сеюми Муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ 2023 – «Об барои иқлим, устуворӣ ва муҳити зист» буд.

Ҷаласа платформаи кориро барои кишварҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои муҳокима ва таҳияи ӯҳдадориҳои табдилдиҳанда фароҳам овард, ки метавонанд масири глобалии амнияти обро дар ҷаҳон тағйир диҳанд. Ухдадорихои дигаргунсозиҳои кабулшуда ба рўзномаи об оид ба амали Конфронси оби СММ дар соли 2023 дохил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи об барои амали Конфронси оби СММ барои соли 2023 дар чаҳорчӯби Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки 6-9 июни соли 2022 бомуваффақият дар Душанбе баргузор гардид, оғоз гардид. Ин ташаббус ӯҳдадориҳои ихтиёриро оид ба суръат бахшидан ба амалҳо дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи об дар бар мегирад.

Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Шоимзода зимни суханронии худ ташаббусҳои ҷаҳонии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф ҳамчунин аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал овард, ки ба талошҳои Тоҷикистон ва Ҳолланд дар ин рисолати таърихӣ барои муваффақ ва пурсамар табдил додани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 муттаҳид шаванд.

Конфронси оби СММ дар соли 2023 моҳи марти соли оянда дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳолланд баргузор мешавад. Ин дуввумин конфронси оби СММ дар таърихи ин созмон хоҳад буда,  аввалин конфронс дар Мар-дел-Платаи Аргентина дар соли 1977 ташкил шуда буд.