Ифтитоҳи майдончаи замонавии варзишӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

18.04.2023. Имрӯз дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа майдончаи замонавии варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Далер Ҷумъа дар маросими ифтитоҳӣ, аз ҷумла бо шароити фароҳамовардашуда шинос ва ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, аз роҳбарият ва омӯзгорони Коллеҷ ҳамчунин таъкид ба амал оварданд, ки шароити мазкурро хубу ҳамаҷониба истифода бурда, барои соҳибилм намудани донишҷӯён ва дар тарбияи онҳо дар руҳияи садоқат ба Ватан, минбаъд низ кору фаъолият намоянд.