Вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати сафирони Иттиҳоди Аврупо

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об бо ҳайати сафирони ғайримуқими Иттиҳоди Аврупо ва дигар сафирони бо иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти арзи адаб намуд. Вазир бо сухани ифтитоҳӣ вохӯрии имрӯзаро ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон ҳузури ин ҳайати намояндагии дипломатии баландпояро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфт.

Сипас, ҳайати сафирон бо навбат суханронӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи ҷаҳон мавқеи сазовори худро ишғол намуда, баҳри пайвасти боз ҳам фароху амиқ дар ин самт, кӯшишҳои самараовари худро роҳандозӣ намуда истодааст ва Иттиҳоди Аврупо аз ин истиқболи нек дорад. Инчунин, қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои бузурги иқтидори обию энергетики ва имконияти васеи истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза имкон дорад, ки тадриҷан дар ин ҷода яке аз мақоми пешсафро ишғол намояд.

Зимни мулоқот бо сафирон тамоми масъалаҳои рушду ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба бунёд ва таҷдиди манбаъҳои тавлиди барқ дар Тоҷикистон, сохтмони неругоҳи Роғун – ин иншооти бузурги аср, масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, масъалаҳои марбут ба исифодаи сарфаву сариштакоронаи неруи барқ, масъалаҳои ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа, тадбирҳои роҳандозигардида дар самти  ислоҳоти соҳаи энергетика, баланд баррдоштани рушди захираҳои инсонӣ ва ғайраҳо дар меҳвари суҳбати тарафайн қарор гирифт.

Ҳайати сафирон дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, нақши калидии Тоҷикистон дар даъват барои ҳалли мушкилот дар соҳаи об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз даъват ва пазироии сатҳи баланд зимни иштирокашон дар Конфронси оби Душанбе изҳори миннатдорӣ намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи хоссаи ин ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баррасӣ қарор ёфтани масъалаҳои марбут ба соҳаи обу энергетика миннатдорӣ намуда, ҳамзамон омодагии кишварро дар самти идома ва ривоҷ додани ҳамкориҳои судманд бо ин созмони дипломатии бонуфузи Аврупо дар самти татбиқ минбаъдаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи обу энергетика, аз ҷумла лоиҳаҳои ба кам намудани талафоти неруи барқ равонагардида, роҳандозии истеҳсолу истифодаи боз ҳам васеи нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон, таҳкими бозори неруи барқ дар минтақа, вусъатбахшии ҳамкориҳои минбаъдаи судманд бо кишварҳои минтақа ва дигар ҳамкориҳои судманд, ки дар маҷмуъ барои боз ҳам устувор гардидани робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо муҳим арзёбӣ мегарданд, махсус қайд намуд.

Дар маҷмуъ, вохӯрии арзи адаб бо ҳайати баландпояи дипломатии Иттиҳоди Аврупо  дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.