Маросими ифтитоҳи марҳилаи якуми “Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон”

19 – сентябри соли 2023 муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои об Шоимзода Ҷамшед Шодӣ дар шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон дар чорабинии ифтитоҳи марҳилаи якуми “Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон”, ки бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ гардонида мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур, ин пеш аз ҳама таъмини аҳолии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон бо оби нӯшокии босифат, ҳамзамон такмил ва рушди сохтори идоракунии бахши таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар кишвар иборат мебошад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа то соли 2027 интизор меравад, ки 750 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон бо оби ошомидании баландсифат таъмин гардонида мешаванд.
Зимни сафар, Шоимзода Ҷамшед дар якҷоягӣ бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмони хатти магистралии оби нӯшокии Вахш ва пойгоҳи обтозакунӣ, ки дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот амалӣ гардида истодааст, дидан намуда, ба пудратчӣ ва фармоишгари лоиҳа ҷиҳати саривақт ва сифатнок иҷро намудани корҳои сохтмонии иншооти мазкур дастуру супоришҳо доданд.