Иди касбии энергетикҳо муборак!!!

22 декабри соли 2023. Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи энергетика таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об, муҳтарам Далер Ҷумъа ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, кулли кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои зертобеъ ва дигар меҳмонону собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.

Раисикунанда сароғоз бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро бо ин Иди касбӣ ва бо истифода аз фурсат бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 табрик таҳният гуфта, ба онҳо муваффақиятҳои касбиро таманно намуд ва орзӯи онро намуд, ки бигузор дар ин рӯзи мавсими сармо, ки ба таҷлили иди касбии энергетикҳо рост меояд, ва умуман дар тамоми фасли сол, хонадони ҳар як сокини диёр гарму чароғон ва фаровон аз хушиву хурсандиву, шукуфон аз нишоту файзу эҳсон бошад.

Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо мақсади таъмини рушди босуботи ҷумҳурӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинонаш соҳаи энергетикаро самти афзалиятноки сиёсати давлат ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикиро аз ҳадафҳои муҳиму стратегии миллӣ эълон намудаанд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади пурра амалӣ гардидани ин ҳадаф, кормандони соҳаи энергетика, аз ҷумла кормандони Вазорат ва ниҳодҳои зертобеи он, дастуру ҳидоятҳои Сарвари муҳтарами кишварро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва равшану чароғон намудани ҳар як хонадони сокинони Тоҷикистони азиз камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳадафи мо – энергетикҳо, ин боз ҳам бештар азхуд намудани захираҳои гидроэнергетикӣ, афзоиш додани истеҳсоли неруи барқ ва таъмин намудани эҳтиёҷоти хоҷагии халқ ва мардуми кишвар бо неруи барқи доимӣ мебошад.

Ва, бо боварӣ метавон иброз дошт, ки бо такя ба кӯмаку дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамбастагиву ҳамкорӣ бо масъулини соҳа мо аз уҳдаи ҳалли ин мушкилот низ сарбаландона мебароем.

Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ як зумра кормандони фаъол барои меҳнати софдилона ва хизматҳои шоёнашон дар соҳа бо Ифтихорнома ва ду нафари дигар бо медали “Аълочии энергетика”, ки бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои об таъсис дода шудааст, сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ бархе аз кормандони вазорат ва соҳаи энергетикаи кишвар бо суханҳои табрикотӣ баромад намуданд.