Мизи мудаввар вобаста ба баррасии лоиҳаи нахустини Стратегияи миллии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030

26 феврали соли 2019 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон мизи мудаввар вобаста ба баррасии лоиҳаи нахустини Стратегияи миллии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 баргузор гардид.
Лоиҳаи Стратегияи миллии об барои то соли 2030 дар якҷоягӣ бо коршиносони Лоиҳаи идоракунии ҳамгироёнаи ҳавзаи дарёи Зарафшон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Авупо дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 таҳия гардида буд.
Мақсад аз Стратегияи мазкур таъмини роҳнамоҳо барои идоракунии дарозмуддати ҳамгироёнаи захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мусоидат барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об ва татбиқи Стратегияҳои миллии рушд то соли 2030 ба шумор меравад.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, ва ҳамчунин коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дар самти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ ширкат намуданд.
Дар доираи он ҳадаф ва вазифаҳои Стратегия, дурнамои истифода ва ҳифзи захираҳои об, вазъи кунунӣ ва хатарҳои таҳдидкунанда дар соҳаи об, заминаҳои ҳуқуқии идоракунии захираҳои об, чораҳои стратегӣ ва роҳҳои амалисозии онҳо, сармоягузорӣ дар соҳаи об ва ҳамчунин натиҷаҳои пешбинишударо то соли 2030 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.