Дар бораи Вазорат

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 таҳти №12 дар асоси ба салоҳияту ваколати он  вогузор намудани иҷрои вазифаҳо, пешбурди сиёсат ва масоили марбут ба соҳаи энергетика, дар заминаи ҷудо намудан аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба он илова намудани иҷрои вазифа, пешбурди сиёсат ва масоили марбут ба оби собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Вазорат яке аз вазоратҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба  роҳандозӣ ва пешбурди масъалаҳои об ва энергетика, ки захираҳои муҳими стратегӣ  ба шумор мераванд,  маҳсуб мешавад.

Ба зиммаи Вазорат вогузор гардидани татбиқи сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, идоракунии раванди амалисозии ибтикори ба ин соҳа рабтдошта ва дигар вазифаҳои марбут ба самти фаъолият тибқи талаботи Созишномаи “Нексус” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 98%-и фоизи электроэнергия аз захираҳои об истеҳсол мешавад, саривақтӣ ва муҳиму муфид  арзёбӣ мегардад.

Вазорат фаъолияти худро ҷиҳати табиқи сиёсати обиву энергетикӣ, таҳия намудани стратегияҳо, барномаҳо,  нақшаҳо оид ба рушди маҷмӯи сузишворӣ – энергетикӣ  ва захираҳои об, идоракунӣ, танзим, таррезӣ, рушди иқтидор, назорати давлатӣ вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалии  ҷамъиятӣ ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воҳидҳои сохтории худ, аз қабили Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи  энергетика ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ идоракунӣ ва  назоратро дар самти энергетика ва бехатарии иншооти гидротехникӣ амалӣ менамояд.

Илова бар ин, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳое, ки ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ алоқаманданд, ба салоҳияти Вазорат вогузор гардидааст.

Муҳимтар аз ҳама, Вазорат мақоми ваколатдор ва пешбар дар Муколамаи миллӣ оид ба масъалаҳои сиёсати об  дар самти истифодабарии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ ба шумор меравад.