Ҷумъа Далер Шофақир

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 марти соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст

Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо ихтисоси муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб, соли 2006 дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ – Чапел Хилл, ИМА дар самти идоракунӣ ва сиёсати давлатӣ такмили ихтисос намуда, соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро дар самти идоракунии соҳибкорӣ хатм кардааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро озод медонад.

Дар солҳои 2005 – 2010, 2010 – 2015, инчунин аз соли 2020 вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати сеюм, чорум ва шашум мебошад. Бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995 –1997            Муҳандиси Институти илмӣ- тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект»

Солҳои 1997– 2002           Сардори раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои  Салиби Сурх ва Ҷилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ

Солҳои 2002 –2003           Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри      Женеваи Шветсария

Солҳои 2003– 2004            Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004 –2005            Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID-PRAGMA

05.2006 – 08.2006               Мутахассиси шўъбаи фурўш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню – Йорки ИМА

Солҳои 2006– 2007            Роҳбари Ташкилоти Фокуси кўмаки башардӯстона дар Тоҷикистон

Солҳои 2007–2020             Директори генералии ҶСШК «Помир – Энерҷӣ», аз соли 2019 то ноябри  соли 2020  роҳбари минтақавии лоиҳаҳои энергетикии  Сандуқи рушди иқтисодии Оғохон дар Осиё, солҳои 2012-2014  аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Аз 3 ноябри соли 2020   Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон